Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон барои ҷанг дар Ҳилманд омода мешаванд


Бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёни Толиб дар вилояти Ҳилманди Афғонистон дар остонаи амалиёти низомии нерӯҳои НАТО мавқеъҳои худро дар ин минтақа тақвият мебахшанд. Стейнлӣ Маккристал - фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон гуфт, амалиёти низомии мазкур барои таҳти назорат даровардани минтақаи Марҷаҳ ба Толибон “паёмаи қавие хоҳад фиристод”, ки ҳукумати Афғонистон назорат бар амният дар минтақаҳоро васеътар мекунад. Абдуллоҳ Нусрат фармондеҳи Толибон дар ин минтақа ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ҳудуди 2000 ҳазор ҷангҷӯи Толиб омодаанд, то дами марг биҷанганд. Садҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ аз тарси даргириҳо, минтақаи Марҷаҳро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG