Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса ба Русия киштии ҷангӣ мефӯрушад


Ба рағми хоҳиши кишварҳои узви НАТО, Фаронса усулан тавофуқ кардааст, ки ба Русия кишти ҷангии навъи Мистралро бифӯрушад. Фаронса ҳамчунин дархости Русия барои харидории се киштии дигарро баррасӣ мекунад. Киштии ҷанги Мистрал 200 метр дароз дошта, қодир ба шино дар тунукоб аст ва метавонад ҳамзамон 900 сарбоз, чархбол, танк ва дигар муҳимоти лозими ҷангиро интиқол диҳад. Дар сурати анҷоми ин муомила, ин бузургтарин харидуфурӯши аслиҳа миёни Русия ва як узви Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ хоҳад буд. Ин муомила мояи нигаронии ҳамсояҳои Русия, аз ҷумла Гурҷистон ва чанд узви дигари НАТО шудааст.
XS
SM
MD
LG