Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон хабар додааст, ки низомиёни узбак 25 марзбони тоҷикро, ки гӯё ба қаламрави Узбакистон ворид шудаанд, бозпас ба Тоҷикистон рондаанд.

Аммо мақомоти марзбонии Тоҷикистон ин хабарро рад мекунанд.

Бино бар изҳороти ин ниҳоди Узбакистон, нисфирӯзии 6-уми феврал гурӯҳе иборат аз 25 марзбони мусаллаҳи Тоҷикистон таҳти сарварии ду афсар ба ноҳияи Ҷиззахи Узбакистон ворид шудаанд. Гуфта мешавад, мақсади ин гурӯҳ озод кардани марзбони тоҷик будааст, ки дар боздоштгоҳи Узбакистон нигаҳдорӣ мешавад.

Ба қавли мақомоти Узбакистон, ин сарбоз иқрор кардааст, ки бо дастури фармондеҳонаш хостааст, аз Узбакистон говеро рабояд, зеро муддати дароз таъмин нашудани марзбонон бо озуқа онҳоро ба чунин иқдом маҷбур кардааст.

Вале мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Интерфакс гуфтаанд, ҳодиса комилан таври дигар ҷараён ёфтааст. Нахуст гове мансуб ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми чаро ба қаламрави Узбакистон ворид шудааст. Марзбони тоҷик ба думболи гов рафтааст, то онро ба ҳудуди Тоҷикистон баргардонад. Аммо марзбонони Узбакистон дафъатан ин сарбозро ба ҳабс гирифтаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон хабари вуруди мусаллаҳонаи марзбонон ба қаламрави Узбакистонро низ рад мекунанд.

Хадамоти амнияти миллии Узбакистон мегӯяд, гурӯҳи 25-нафараи мусаллаҳ ба таври ғайриқонунӣ вориди қаламрави Узбакистон шуда, озодии марзбони боздоштшударо талаб кардааст. Мақомоти Узбакистон ба афсарони тоҷик фаҳмондаанд, ки марзбони боздоштшуда мутобиқи низоми муқарраршуда озод карда хоҳад шуд. Пас аз ин гурӯҳ ба қаламрави Тоҷикистон баргаштааст.

Аммо намояндаи мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба Интерфакс гуфтааст, як афсар ва чанд марзбони тоҷик талош карданд, бо марзбонони Узбакистон гуфтугӯ кунанд, аммо бидуни убури хатти марз. Онҳо мегӯянд, кӯшидаанд, марзбони тоҷикро бозгардонанд, зеро бар асари иштибоҳ ба қаламрави кишвари ҳамсоя ворид шудааст.

Дафтари матбуоти Хадамоти амнияти миллии Узбакистон гуфтааст, тарафи Узбакистон ҳамаи ин амалро хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ ва як ишғолгарии мусаллаҳона меномад. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки "бо вуҷуди амалҳои иғвогаронаи низомиёни тоҷик, нерӯҳои марзбонии Узбакистон сабр нишон доданд ва аз истифодаи силоҳ, ки метавонист, сабаби қурбониҳо гардад, худдорӣ карданд."

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ба ватан бозгардондани сарбози тоҷик номумкин гашт, зеро марзбонони Узбакистон аслан нахостанд, бо марзбонони тоҷик вориди тамос шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG