Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои Тимошенко дигар ба Януковия намерасонад


Кумиссиюни Марказии интихоботии Украина мегӯяд, ки бо шумориши орои боқимонда низ Юлия Тимошенко-нахуствазири Украина ва номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба Виктор Януковия-раҳбари мухолифони ин кишвар наметавонад баробар шавад. Кумиссиюн мегӯяд, ки то ҳол 1,58 дарсади оро шумурда нашудааст. Вале Янукович аз Тимошенко 2,79 дарсад пештар аст. Януковия ҷонибдоронашро бо пирӯзӣ табрик гуфт ва аз хонум Тимошенко даъват кард, ки ба бохти худ тан диҳад. Аммо хонум Тимошенко мегӯяд, ки натиҷаҳои ниҳоии интихоботро интизор хоҳад шуд. Нозирони САҲА дар маҷмӯъ наҳваи баргузории интихобот ва райдиҳиро мусбат арзёбӣ карданд ва аз раҳбарони сисёсӣ хостанд, ки таҳвили қудрат созанда ва сулҳомез анҷом гирад. Жоао Соареш-раиси Маҷмаи Порламонии САҲА ва ҳамоҳангкунандаи фаъолияти нозирон дар Украина мегӯяд:

"Нозирони мо райдиҳиро таҳлил карданд ва шеваи шумориши он дар маҷмӯъ мусбат аст. Дар натиҷаи ҳузури ҳам нозирони дохилӣ ва ҳам нозирони байналмиллалӣ шафоффият хеле беҳтар аст".

Баъд аз шумориши 97 дарсади оро Кумиссиюни марказии интихоботии Украина гуфтааст, ки Янукович 48,49 дарсад ва Юлия Тимошенко 45,92 дарсад рай ба даст овардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG