Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович дар сафи пеши муборизаи интихоботист


Чунин ба назар мерасад, ки Виктор Янукович-раҳбари мухолифои Украина бо тафовути хеле кам дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар аз рақиби худ нахуствазир Юлия Тимошенко пешӣ гирифтааст. Баъд аз шумориши 97 дарсади оро Кумиссиюни марказии интихоботии Украина гуфтааст, ки Янукович 48,49 дарсад ва Юлия Тимошенко 45,92 дарсад рай ба даст овардаанд. Ширкати интихобкунандагон 69 дарсадро ташкил додааст. Пирӯзи Янукович дар ин интихобот бад-он маъно хоҳад буд, ки Украина ба 5 соли қабл бармегардад. Панҷ соли пеш, ки инқилоби норинҷӣ рух дод ва натиҷаҳои интихобот ботил эълон шуд.
XS
SM
MD
LG