Пайвандҳои дастрасӣ

Миклош Ҳараштӣ, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, "кӯшишҳои хатарноки сонсур"-ро бо истифода аз даъвоҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон, Қазоқиситон ва Маҷористон маҳкум кард.

Вай ин талошҳоро, ки аз тарафи мақомоти баландпояи давлатӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, кӯшиши муҷозоти матбуот номид ва гуфт, барои эъломия ё изҳорот муаллифони онҳо бояд ҷавоб диҳанд, на нашрияҳо. Дар акси ҳол, гуфт вай, маълум мешавад, ин даъвоҳои додгоҳӣ ба маҳдуд кардани ҳаққи матбуот дар гузоришгарии озодона нигаронида шудаанд.

Ҳараштӣ афзуд, чунин аъмол асосан ба кишварҳои худкома хос аст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, меъёрҳои матбуоти декмократиро поён оваранд. Вай махсусан ба аризаи додрасони тоҷик зидди ҳафтаномаҳои "Азия-Плюс", "Озодагон" ва "Фараж" ишора кард, ки талаби ҷуброни зарари маънавӣ ба маблағи 900 000 евро ба маҳв кардани ин нашрияҳо равона шудааст. Ин даъво ба думболи маҳкум шудани ҳатфаномаи мустақили "Пайкон" ва эълони ба додгоҳ кашида шудани ҳафтаномаи "Миллат" илова шудаанд, ки маблағи умумии товони он 200 000 евро мебошад.

Дар Қазоқистонрӯзи 1-уми феврал ҳамаи нусхаҳои рӯзномаҳои " Республика", "Голос Республики", "Курсив", "Курсив-Нюз" ва "Взгяд" барои он барчида шудаанд, ки дар онҳо номаи собиқ вазири Қазоқистон Мухтор Аблязов ба нашр расидааст. Ба думболи ин рӯйдод додгоҳ ҳамаи нашрияҳоро аз чопи маълумоте, ки ба шаъну обрӯи намояндаи саршиноси Қазоқистон, Темур Қулибоев латма мезанад, боздошт.

Дар Маҷористон додгоҳ рӯзномаи "Непшава"-ро барои чопи хабар дар бораи номаи сарвазири собиқи ин кишвар Виктор Орбан ба маблағи 1 800 евро ҷарима баст.

Миклош Ҳараштӣ, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот мегӯяд, дар ҳамаи ин рӯйдодҳо додгоҳ мехоҳад нашрияҳоро барои муқаррарии онҳо -- хабардор кардани ҷомеа аз корҳои ҷамъиятӣ мавриди ҷазо қарор диҳад. Ҳараштӣ ҳушдор медиҳад, ки ин ҳамла метавонад сабаби нобудии чанд нашрияи ошкоргӯи ин кишварҳо шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG