Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши интиқоли рубл аз Русия


Бонкҳои минтақаи Кӯлоб мегӯянд, тайи солҳои ахир муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба хонаводаҳои худ бештар рубли русӣ интиқол медиҳанд.

Абдукарим Неъматов, раиси бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, агар дар соли 2008 муҳоҷирони корӣ ба миқдори 400 миллион рубли русӣ ба бонкҳо ирсол карда бошанд, ин маблағ дар соли 2009 ба 800 миллион рубл, яъне як баробар зиёд шудааст.

Сиёсати пешгирифтаи Русия дар самти интиқоли маблағ танҳо бо пули миллӣ ба манфиати Тоҷикистон нест ...
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши интиқоли рубли русӣ ба бонкҳои кишвар сиёсати пешгирифтаи давлати Русия ҳаст, ки тибқи он аз дохили ин кишвар танҳо пули миллӣ бояд содир шавад.

Дар ҳамин ҳол Саидшоҳ Шодавлатов, ходими як нуктаи мубодилаи асъор дар Кӯлоб мегӯяд, авоили соли гузашта қурби рубли русӣ дар нуктаҳои савдо ба таври чашмрас поин рафта буд ва имсол баръакс, қурбаш боло рафтааст. Ба унвони мисол вай мегӯяд, соли гузашта ҳазор рубли русӣ аз 95 то 100 сомонӣ қурб дошт, вале ҳоли ҳозир қурби ҳазор рубли русӣ ба 140 то 143 сомонӣ баробар шудааст.

Ба гуфтаи Шодавлатов, дар таҷрибаи панҷ солаи кории ӯ, тағирёбии қурби рубли русӣ дар қиболи долар ва евро кам ба назар расидааст.

Аммо Орзу Ҳамидов, як иқтисодшинос, мегӯяд, сиёсати пешгирифтаи Русия дар самти интиқоли маблағ танҳо бо пули миллӣ ба манфиати Тоҷикистон нест. Ба гуфтаи ӯ, агар пули муҳоҷирон пурра ба рубли русӣ интиқол ёбад, дар самти тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон, ки ҳоло аз доллар вобаста аст, дигаргунии ҷиддӣ ба амал меояд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои Шӯъбаи бонки миллии кишвар дар минтақаи Кӯлоб интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта бо долари амрикоӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Барои мисол агар соли 2008 ба бонкҳои минтақа аз ҳисоби муҳоҷирон наздики 200 миллион долар ворид шуда бошад, соли 2009 ин рақам ба 90 миллион долар баробар шудааст.
XS
SM
MD
LG