Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Ироқ масъалаи интихоботро баррасӣ мекунад


Имрӯз порламони Ироқ бори дигар талош хоҳад кард, то роҷеъ ба интихоботи моҳи оянда ҷаласаи изтирорӣ баргузор кунад. Қарор аст қонунгузорони Ироқ масъалаи зиддунақизи марбут ба манъи ширкати афроди узви Баас дар интихоботро баррасӣ кунанд. Раҳбарии ҳизби Баас-ро Саддом Ҳусейн бар ӯҳда дошт. Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ ҳукми қозиёни додгоҳро ғайриқонунӣ хонд ва аз порлмон хост, ки ин масъаларо баррасӣ кунанд. Аъзои порлмон бояд рӯзи якшанбе иҷлоси худро дар ин бора баргузор мекарданд, вале аз 275 намоянда танҳо 75 нафар ҳозир шуданд. Дар ҳамин ҳол дар баъзе аз шаҳрҳо аҳолии шиамазҳаб бар зидди ҳукуми додгоҳ тазоҳурот баргузор кардаанд ва лағви ҳукми додгоҳро мехоҳанд.
XS
SM
MD
LG