Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Ҳамос дар Маскав бо Лавров мулоқот кард


Имрӯз Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав бо Холид Машъал-раҳбари сисёсии Ҳамос мулоқот кард. Дар мулоқоти Маскав роҳҳои оштӣ додани Ҳамос бо ҷунбиши Фатаҳ, ки раҳбарии онро Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин бар ӯҳда дорад, баррасӣ шуд. Ин ду гурӯҳ бо ҳам ихтилофҳои ҷиддӣ доранд. Ҳоло Ҳамос Борикаи Ғазза ва Фатаҳ сарзаминҳои ишғолии каронаи ғарбии рӯди Урдунро таҳти контроли худ доранд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо Ҳамосро созмони террористӣ медонанд, вале Русия бо ин созмон равобити худро ҳифз кардааст.
XS
SM
MD
LG