Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни тарма дар кашмири Ҳиндустон


Баъд аз он, ки имрӯз тарма яке аз пойгоҳҳои машқҳои низомии Ҳиндустонро зер кард, дастикам 5 сарбоз кушта, даҳҳо нафар зери тарма мондаанд. Низомиён мегӯянд, тарма маркази машқҳои низомиро дар минтақаи лижаронии Гулмарг дар қаламрави Кашмири зери назорати Ҳиндустон пахш кардааст. Бориши барф ва борон амалиёти наҷотро ба таъхир андохтааст. Гулмарг дар минтақаи марзии миёни Ҳиндустону Покистон дар баландкӯҳ ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG