Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон як ислоҳотталабро маҳкум ба зиндон кард


Додгоҳи Эрон Муҳсин Аминзода-собиқ муовини вазири умури хориҷаи ин кишварро ба иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои баъд аз интихоботи соли гузаштаи раёсати ҷумҳурии Эрон 6 сол маҳкум ба зиндон кард. Хабаргузории ИСНА иттилоъ додааст, ки оқои Аминзода барои ширкат дар тазоҳурот, нақшаҳо дар бораи ноором сохтани ниҳодҳои амниятӣ, пахши таблиғоти зидди давлати исломӣ ва барои мусоҳиба бо расонаҳои хориҷӣ муттаҳам дониста шудааст. Аминзода яке аз ҷонибдорони маъруфи Мирҳуссейн Мусавӣ-раҳбари мухолифони Эрон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG