Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Женева иҷлоси Шӯрои Ҳуқуқи Башар шурӯъ мешавад


Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ имрӯз иҷлоси худро шурӯъ мекунад. Дар давоми 11 рӯзи кори худ дар Женева ин иҷлос вазъи ҳуқуқи башар дар 16 кишвар, аз ҷумла дар Қазоқистон, Эрону Ироқ ва дар Ҳерзеговинаро баррасӣ мекунад. Шӯрои мазкур иборат аз 47 узв як ниҳоди байниҳукуматист, ки барои ҳифзи ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон соли 2006 таъсис ёфт. Аммо баъзе аз мунаққидон истидлол мекунанд, ки аъзои ин Шӯро барои дифои баъзе кишварҳо аз интиқод кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG