Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаррух Қосим-ҳунарманди пуровоза даргузашт


Шоми 7-ӯми феврал Фаррух Қосим-ҳунарманди пуровозаи тоҷик ва яке аз поягузорони театри миллии тоҷик дар нахустин солҳои истиқлол дар синни 62-солагӣ баъд аз бемории тӯлонӣ дар гузашт. Бо вуҷуди ин ки Фаррух Қосим солҳои тӯлонӣ аз сактаи мағзӣ ранҷ мебурд, вале театрро тарк накард. Вай дар соли 1990 театри "Аҳорун"-ро таъсис дод. Намоишномаи "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" дар нахустин солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон навъе идомаи бедории миллӣ буд ва театри миллии тоҷикро бо чеҳраи дигар пешкаш кард. Ба дунболи он намоишномаҳои "Даҷол", "Исфандиёр", "Шоҳ Фарилдун" ва амсоли он мавриди истиқболи гарми ҳаводорон қарор гирифт ва дар хориҷ аз кишвар низ борҳо ба намоиш гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG