Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ғанисозии урани худро расман эълон мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Эрон Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаиро ба таври расмӣ аз нақшаҳои худ дар бораи оғози ғанисозии уран огаҳ кунад. Рӯзи якшанбе Алиакбар Солеҳӣ-раиси созмони энержии ҳастаии Эрон эълон кард, ки кишвараш аз рӯзи сешанбе, 9-ӯми феврал то сатҳи 20 дарсад ғанисозии уранро оғоз мекунад. Аз сӯи дигар, вай изҳор дошт, ки Эрон ғанисозии уранро қатъ хоҳад кард, агар он ба тавофуқоти ҳастаии СММ муғоират дошта бошад. Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико, ки қарор аст шоми имрӯз дар Порис бо Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса мулоқот кунад, даъват кард, ки "Фишори байналмиллалӣ" ба Эрон афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG