Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи маргбор дар як нерӯгоҳи барқии Амрико


Мақомоти аёлати шимолушарқии Коннектикути Амрико мегӯянд, бар асари таркиши бузурги газ дар як нерӯгоҳи барқӣ, дасти кам панҷ нафар ҳалок шуда ва бештар аз 50 тани дигар зери харобаҳо мондаанд. Ба гуфтаи маъмурони отаншинонӣ, эҳтимолан хориҷ шудани газ дар нерӯгоҳи Мидлтавн сабаби таркиш шудааст. Ҳангоми таркиш 50 коргар дар дохили нерӯгоҳ будаанд ва садои таркиш то масофаи 50 километр шунида шудааст. Бар асари садама 11 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва ҳоло гурӯҳҳои наҷот дар миёни харобаҳо, бозмондагони дигарро меҷӯянд.
XS
SM
MD
LG