Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои тозаи интихоботи раёсати ҷумҳури Украина


Виктор Янукович – раҳбари мухолифини Украина, худро пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳури рӯзи якшанбе эълом кард. Вай ҳамчунин аз рақибаш Юлия Тимошенко хост, аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад, вале хонум Тимошенко, шикаст дар интихоботро эътироф накард ва гуфт, ки ӯ дар интихобот пешсаф аст. Баъди шумориши 50 дар сади оро, Кумиссиёни Марказии Интихоботи Украина гуфт, ки Виктор Янукович, 49,6 дар сад ва Юлият Тимошенко камтар аз 44,7 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Натиҷаҳои интихоботи Украина барои муносиботи ин кишвар бо Русия ва ҳамчунин бо кишварҳои ғарбӣ ниҳоят муҳим хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG