Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба ғанисозии ураниуми ғализ шурӯъ мекунад


Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи якшанбе амр дод, то ғанисозии 20 дар садии ураниум дар ин кишвар шурӯъ кунанд. Алӣ Акбар Солеҳӣ - мудири Оҷонси Энержии Атомии Эрон, ба телевизиони давлатӣ гуфт, кишвараш имрӯз ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ хабар хоҳад дод, ки аз рӯзи сешанбе ба ғанисозии ураниуми 20 бист дар садӣ шурӯъ хоҳад кард. Вай гуфт, “ғанисозии ураниуми сатҳи боло пасфардо дар корхонаи Натанз шурӯъ хоҳад шуд.” Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико, ин эъломияи Эронро “бисёр маъскунанда” хонд ва хостори эъмоли таҳримоти бештар алайҳи он кишвар шуд. Дирӯз ҳамчунин Карл Теодор Гуттенберг – вазири дифоъи Олмон гуфт, “ҳалқаи таҳримот алайҳи Эрон” бояд тангтар карда шавад, зеро "сабри ҷомеаи ҷаҳонӣ ба поён расидааст."
XS
SM
MD
LG