Пайвандҳои дастрасӣ

Ба интернеткафеҳои Белорус бо шиноснома


Мақомоти Ҷумҳурии Белорус мегӯянд, сар аз тобистони ҳамин сол, хоҳишмандон бидуни шиноснома ба интернеткафеҳо роҳ дода намешаванд. Бино ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, бар асоси фармони нави раиси ҷумҳур Александр Лукашенко, сар аз якуми июл афроди хоҳишманд бояд пеш аз вуруд ба интернеткафе шиноснома нишон бидиҳанд. Бар асоси фармон, ҳамчунин аз ширкатҳои интернетӣ хоста шудааст, то иттилоъоти яксолаи корбарони интернетро захира карда ва бо дархости мақомот ба онҳо бидиҳанд. Фармони мазкурро як талоши ҳукумати Белорус барои назорати интернет хонда ва башиддат танқид кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG