Пайвандҳои дастрасӣ

Бонуи довталаб ба мақоми вакилӣ дар Ироқ кушт шуд


Як хонуми довталаб ба мақоми вакилӣ ба порлумони Ироқро рӯзи якшанбе дар шаҳри ноороми Мосул куштанд. Пулиси Ироқ гуфт, Суҳо Абдул Ҷараллоҳ – номзади аз феҳрасти ҳизбии Аёд Алавӣ сиёсатмадори ғарбгаро ва нахуствазири собиқи Ироқ, ҳангоми берун омадан аз хонааш дар маҳаллаи марказии шаҳри Мосул ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифта ва ҷон додааст. Ҳанӯз маълум нест, ки оё қатли вай ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ё не. Корзори тарғиботии интихоботи порлумонии ба таъхир афтодаи Ироқ аз рӯзи 12 феврал шурӯъ мешавад. Ин дуввумин порлумони Ироқ баъд аз суқути Саддом Ҳусайн ба раҳбарии Амрико хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG