Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагӣ ба як амалиёти бузург ба зидди Толибон


Генерал Стейнлӣ Маккристал – сарлашкари нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон мегӯяд, амалиёти низомии бузурге, ки ба зудӣ шурӯъ хоҳад шуд, “паёми қавие” ба ҷангҷӯёни Толиб хоҳад фиристод, ки ҳукумати Афғонистон назорат бар амниятро тақвият мебахшад. Генерали амрикоӣ дирӯз дар шаҳри Кобул гуфт, ҳадафи амалиёте, ки дар ҷануби Афғонистон пиёда хоҳад шуд, барои нобуд кардани шӯришиён ва баргардонидани умури идорӣ ба дасти мақомоти маҳаллӣ мебошад. Дар амалиёти мазкур то чанд рӯзи оянда дар вилояти Ҳилманд шурӯъ мешавад, сарбозони Амрико, НАТО ва артиши Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи Стейнлӣ Маккристал, ин амалиёт бузургтарин амалиёти низомӣ ба зидди ҷангҷӯёни Толиб хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG