Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти боздошти афроди марбут ба Радиои Фардо


Матбуоти давлатии Эрон мегӯяд, Теҳрон 7 нафареро, ки бо Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ иртибот доштаанд, боздошт карда ва бархеи онҳоро ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷосусии Амрико айбдор кардааст. Радиои давлатӣ ва хабаргузории расмии ИРНО гузориш додаанд, ки афроди боздоштшуда дар таҳрики эътирозгарон дар тазоҳуроти зиддидавлатии моҳи декабр нақши калидӣ доштанд. Дар он эътирозҳо дастикам 8 нафар кушта шуданд.
Ҳуввият ва маҳалли боздошти ин афрод гуфта намешавад. Мақомот мегӯянд, ин 7 нафар дар рӯзи 11 феврал – солгарди 31-уми инқилоби исломӣ низ қасди таҳрик ба ошӯбро доштанд.
Вазорати иттилооти Эрон гуфтааст, ки ин афрод дар Дубай ва Истамбул тамрини “коршиканӣ” гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG