Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари амалиёт мардумро маҷбур ба фирор кардааст


Бино ба гузориши Радиои Афғонистони озод, хабари шурӯъи амалиёти ҷадид алайҳи ҷангиёни толиб дар вилояти Ҳилманд сокинони манотиқе, чун Гиришк, Марҷа, Нодалӣ ва Бобоҷиро маҷбур ба фирори бошитоб аз ин қаламрав кардааст. Аксари онҳо рӯ ба Лашкаргоҳ, маркази Ҳилманд овардаанд.
Фармондеҳи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ МакКристалл имрӯз гуфт, амалиёти густардаи қарибулвуқӯъ паёми қавие ба чирикиҳои толиб буда, ҳадафаш поккории саҳна аз Толибон ва ҳамвор кардани роҳ ба мақомоти ғайринизомист, ки назоратро ба дасти худ бигиранд.
Қарор аст, маллоҳони амрикоӣ ҳамроҳ бо нирӯҳои афғон ва НАТО то чанд рӯзи оянда амалиёти густардаеро алайҳи Толибон дар Ҳилманд оғоз кунанд. Як ҳадафи аслии ин амалиёт минтақаи Марҷа дар водии рӯди Ҳилманд аст, ки аз бузургтарин минтақаҳои кишти хашхош маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG