Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду нафар дар Ингушистон


Ҷангиён имрӯз дар Ингушистон, як ҷумҳурии ошӯбзада дар минтақаи Қафқози шимолии Русия 2 нафар, бо шумули як афсари милисаро ба ҳалокат расондаанд. Ин ду нафар бар асари захмҳое, ки дар асари тирандозии як гурӯҳи мусаллаҳ бардошт, даргузаштаанд. Ин даргирӣ наздикиҳои зӯҳри якшанбе дар ҳошияи бозоре дар наздикии шаҳри Қаробулоқ рух додааст.
Рӯзи ҷумъа ҷангиён дар ҷумҳурии Доғистон дар ду ҳамлаи алоҳида раҳбари пулиси шаҳри Махачқалъаро ҳамроҳ бо ронанда ва ду муҳофизаш ва ҳам раиси бахши мубориза бо терроризми вазорати умури дохилаи ин ҷумҳуриро куштанд.
Рӯзи панҷшанбе дар як даргирӣ дар Чеченистон дастикам 6 чирикӣ ва 5 сарбози Русия кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG