Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 7 нафар дар Эрон


Мақомоти Эрон мегӯянд, 7 нафарро бо иттиҳоми ташвиқи ошӯбҳо дар рӯзи 11 феврал, солгарди 31-уми инқилоби исломӣ, боздошт кардаанд. Вазорати иттилоот гуфт, ки боздоштшудагон дар Дубай ва Истамбул тамрин гирифта, бархеи онҳоро хадамоти иктишофии Амрико истихдом кардааст. Вазорати иттилоот гуфт, ки онҳо бо Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, низ иртибот доштанд. Ин ниҳоди иктишофӣ мегӯяд, ки афроди боздоштшуда ташкили ҷаласа кардаву ба хориҷ маълумот мефиристоданд ва қаблан, бахусус дар рӯзҳои Ошӯро ҳам ошӯбгаронро таҳрик медоданд. Ба гуфтаи вазорати иттилоот, ин афрод дар рӯзи 11 феврал низ чунин қасд доштаанд. Интизор мерафт, ки тарафдорони мухолифини Эрон дар солгарди инқилоби исломӣ низ як тазоҳуроти густардаи эътирозиро ба роҳ биандозанд.
XS
SM
MD
LG