Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МакКристалл дар бораи амалиёти нав дар Ҳилманд


Фармондеҳи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ МакКристалл гуфт, амалиёти густардаи қарибулвуқӯъ паёми қавие ба чирикиҳои толиб дар бораи азми давлати Афғонистон ба тавсиъаи доманаи назорати амниятист. МакКристалл дар Кобул гуфт, ҳадафи ин амалиёт дар ҷануби Афғонистон поккории саҳна аз Толибон ва ҳамвор кардани роҳ ба мақомоти ғайринизомист, ки назоратро ба дасти худ бигиранд.
Интизор меравад, то чанд рӯзи дигар нирӯи бузурге мураттаб аз маллоҳони амрикоӣ, нирӯҳои НАТО ва сарбозони афғон дар вилояти Ҳилманд амалиёт алайҳи Толибонро оғоз кунад.
Як ҳадафи аслии ин амалиёт минтақаи Марҷа дар водии рӯди Ҳилманд аст, ки аз бузургтарин минтақаҳои кишти хашхош, ашёи хом барои тавлиди афюн, маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG