Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси вазъи иқтисоди Юнон дар нишасти Ҷӣ7


Вазирон ва раҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви гурӯҳи Ҷӣ7, ки 7 кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳид мекунад, тайи як нишасти дурӯза дар Канада масоили доғи иқтисоди ҷаҳонро баҳс кардаанд. Онҳо гуфтаанд, иқтисоди ҷаҳон аз ҳоли пасрафт берун меояд, вале барои даст кашидан аз ёронаҳои давлатӣ ҳанӯз барвақт аст. Гурӯҳи Ҷӣ7 ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки ҳазинаи сандуқҳои ёрӣ дар ҳолоти изтирориро дар оянда бояд худи бонкҳо бипардозанд.
Раиси Бонки марказии Аврупо Жан-Клод Трише изҳори итминон кард, ки Юнон хоҳад тавонист бо истифода аз тадобири шадид шикофи эҷодшуда дар будҷаашро бипӯшонад.
Ба 300 миллиард доллар расидани қарзи Юнон ба нигарониҳо дар бораи ояндаи иқтисоди ин кишвар афзудааст.
XS
SM
MD
LG