Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури нави Аҳмадинажод ба ғанисозии бештар


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба созмонҳои ҳастаии кишвар ҷиҳати шурӯъи тавлиди ураниуми бештар ғанишуда дастур дод. Аҳмадинажод гуфт, ураниум сар аз 20 дарсад ғанисозӣ шуданаш ҷавобгӯи ниёзҳои Эрон хоҳад шуд.
Аммо ӯ аз гуфтани таърихи дақиқи оғози ғанисозии бештари ураниум дар Эрон худдорх варзид.
Тавлиди ураниуми ғанишуда як сабаби аслии нигаронии ҷомиаи байналмилалӣ пиромуни фаъолиятҳои ҳастаии Эрон аст.
Аммо Эрон мегӯяд, қасди сохтани таслиҳоти ҳастаиро надорад, балки танҳо ҳадафаш тавлиди энержии ҳастаист.
Дастури ахири Аҳмадинажод муноқиз бо изҳороти ду рӯз пеши вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакист, ки дар анҷумани амниятии Мюнхен аз наздик будани тавофуқ бар сари дар хориҷ анҷом додани ғанисозии ураниуми лозим барои таъсисоти ҳастаии Эрон аломат дода буд.
XS
SM
MD
LG