Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори бошитоби аҳолӣ аз шаҳри Марҷа дар Ҳилманд


Бино ба хабарҳо, омодагиҳо ба амалиёти густарадаи нирӯҳои НАТО алайҳи ҷангиёни толиб сокинони Марҷа, шаҳре бо 80 000 ҷамъият дар вилояти Ҳилманд, дар ҷануби Афғонистонро осемасарона тарк бигӯянд. Интизор меравад, то чанд рӯзи дигар нирӯи бузурге мураттаб аз маллоҳони амрикоӣ ва сарбозони афғон дар ин минтақа амалиёт алайҳи Толибонро оғоз кунад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин амалиёт, ки “Амалиёти муштарак” ҳам ном дорад, нахустин имтиҳони бузурги тасмими раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҷиҳати ирсоли 30 000 сарбози изофӣ ба Афғонистон хоҳад шуд. Сухангӯи Толибон ба Франс Пресс гуфтааст, ки чирикиҳои зиёде дар ин минтақа басиҷ ва барои набард омода шудаанд.
XS
SM
MD
LG