Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми интихобот дар Украина идома дорад


Дар Украина даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ идома дорад. Барои дарёфти мақоми раҳбарии кишвар сарвазири феълӣ Юлия Тимошенко бо сарвазири собиқ ва раҳбари мухолифин Виктор Янукович вориди рақобат шудаанд.
Янукович дар даври аввали интихобот, ки рӯзи 17 январ гузашт, назар ба Тимошенко 10 дарсад раъйи бештар ба даст овард ва бар асоси назарсанҷиҳо, дар даври дуввум низ бар рақибаш бартарӣ дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, пирӯзии ҳар кадом аз довталабон бо фарқи андак метавонад боиси ба чолиш кашонидани натиҷаҳои интихобот аз ҷониби номзади ноком шавад. Тимошенко таҳдид кардааст, ки дар сурати тақаллуби оро тарафдоронашро ба тазоҳуроти назари инқилоби норанҷии соли 2004 даъват хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG