Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти адабиёти қочоқӣ дар марзи Бухоро


Хадамоти амнияти миллии Узбакистон хабар дод, ки маъмуронаш дар вилояти Бухоро аз як талоши қочоқи адабиёти ифротии мазҳабӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Дафтари матбуоти ин ниҳод гуфт, мақомоти амниятӣ дар марзи вилояти Бухоро мошини боркашеро манъ кардаанд, ки аз Имороти Муттаҳидаи Араб роҳии шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон буд. Аз дохили бордони ин мошин 45 000 қуттии сигори қочоқӣ, анвоъи дигари маҳсулот ва ҳамчунин 124 китоби мазҳабиеро мусодира кардаанд, ки бар асоси ташхиси Кумитаи дини Узбакистон, 6 китобаш марбут ба ҷараёни ифротии “Ҷиҳоди исломӣ” будааст.
XS
SM
MD
LG