Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушӣ кардани як қавмгарои рус дар боздошт


Як нафари гумонбар ба ҳамла алайҳи се шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав дар боздошт худкушӣ кардааст. Сергей Холякови 20-сола ва Александр Янюкови 19-сола ба он муттаҳам мешуданд, ки рӯзи 9 майи соли гузашта се шаҳрванди тоҷикро дар боғи “Терлетская дубрава” дар заминаи адовати қавмӣ латукӯб кардаанд. Сергей Холяков ҳангоми бозпурсӣ даст доштанаш дар ин ҷиноятро эътироф кард, вале баъдан бо нидои “Ман тарафдори Русияам ва бо сиёҳҳо дар як маҳбас нишастан намехоҳам” ба гардани худ миқроз задааст.
XS
SM
MD
LG