Пайвандҳои дастрасӣ

Эътои унвонҳои генералӣ ба раҳбарони ВУДТ


Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба 5 раҳбари баландпояи вазорати умури дохилии ин кишвар унвонҳои навбатии генералӣ эъто шуд. Вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров ҳамин тавр ба унвони генерал-полковники милиса, муовинони ӯ - Саидхон Ҷӯрахонов ва Фарҳодбек Шодмонбеков ва ҳамин тавр раҳбари раёсати тафтишоти вазорат Муҳаммадӣ Муҳаммадиев ба унвони генерал-майори милиса сарфароз шуданд. Раҳбари раёсати сӯхторнишонии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Маҳмадсаид Каримов бо фармони Эмомалӣ Раҳмон соҳиби унвони генерал-майори хидмати дохилӣ шуд.
Унвонҳои навбатии генералӣ ба раҳбарони вазорати умури дохила рӯзи 6 феврал, дар рӯзи 85-солагии таъсиси ин вазорат эъто шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG