Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина раисҷумҳур интихоб мекунад


Ҳавзаҳои интихоботӣ дар саросари Украина барои даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ дарҳои худро бар рӯи интихобкунандагон боз карданд.

Барои мақоми раҳбарии Украина ду номзад – сарвазири феълӣ Юлия Тимошенко ва сарвазири пешин Виктор Янукович вориди мубориза шудаанд.

Янукович ду рӯзи пеш дар Киев дар ҷамъи тарафдоронаш гуфт, ки интихоботро ӯ хоҳад бурд.

Аммо хонум Тимошенко, ки ҳамон рӯз ва низ дар Киев суханронӣ мекард, Януковичро айбдор кард, ки мехоҳад бо роҳи тақаллуб ба пирӯзӣ даст биёбад. Тимошенко аз ҷонибдоронаш даъват кард, дар сурати тақаллуб ба нишони эътироз ба кӯчаву хиёбонҳо бирезанд.

Дар даври аввали интихобот Виктор Янукович ва нахуствазир Юлия Тимошенко ҳаққи иштирок дар даври дуввумро ба даст оварданд. Ҷойи саввум насиби собиқ раиси Бонки марказии Украина, Сергей Тигипко бо бештар аз 13 дарсад шуда буд ва раисҷумҳури феълӣ Виктор Юшенко, ки дар инқилоби норанҷии соли 2004 пирӯзиро рабуда буд, танҳо наздики 5 дарсад раъй гирифт.

Ду рақиби асосӣ -- нахуствазир, Юлия Тимошенко ва раҳбари мухолифон, Виктор Янукович, дар даври дувуми интихоботи президентии Украина барои ҳар яке аз раъйҳои тақсимшуда ба номзадҳои нокоми даври аввал мубориза хоҳанд бурд. Ба ақидаи аксари коршиносон, муҳорибаи байни онҳо аз ҳамаи маъракаҳои гузаштаи интихоботии Украина дида, шадидтар хоҳад шуд ва ояндаву пайомади номуайян ба дасисаи он хоҳад афзуд.

Нуктае ки ду рақибро пайванд мекунад, зарурати тармими равобит бо ҳамсояи азими Украина -- Русия аст. Дар ҳоле ки Русия қаблан ба таври ошкоро аз Янукович пуштибонӣ мекард, ин бор талош дорад, ба ҳар ду номзад муносибати ҳамсон дошта бошад.
XS
SM
MD
LG