Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори ҳайрати дабири НАТО аз доктринаи нави Русия


Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен аз он изҳори ҳайрат кард, ки Русия то ҳол ин паймони низомиро як таҳдиди бузург ба амнияти худ мешиносад. Расмуссен дар ҳошияи анҷумани масоили амниятӣ дар Мюнхен гуфт, доктринаи нави Маскав ҷавобгӯи воқеъиятҳои ҷаҳони имрӯз нест: “Таҳдиди асосӣ ба Русия нишон додани НАТО дар ҳақиқат, ҷавобгӯи воқеъиятҳо нест. НАТО душмани Русия нест.”
Як рӯз қабл раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев тарҳи нави доктринаи низомии кишварашро имзо кард, ки густариши паймони НАТО-ро дар шумули бузургтарин таҳдидҳо барои Русия ном мебарад. Расмуссен ин санадро муноқиз бо талошҳои анҷомшуда ҷиҳати беҳбуди равобити НАТО бо Русия донист.
XS
SM
MD
LG