Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳама умеди Душанбе ба зӯри бозуи Расул аст


Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев аз Бозиҳои олимпии соли 2012 ба ватан бо медали тило ва бо унвони қаҳрамони олимпӣ бар хоҳад гашт.
Ширин Мамадсафоев, муовини раиси ин Кумита ба “Азия Плюс” гуфтааст, дзюдоисти тоҷик алакай аз моҳи май дар ду сабқати пешазолимпӣ дар Тунису Миср ширкат варзида, моҳи сентябр дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио ва моҳи ноябр дар чемпионати Осиё дар Гуанчжоу таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Расул Боқиев, барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии Пекин, тобистони гузашта ба нишони эътироз аз Тоҷикистон рафт, вале мақомоти варзишии кишвар дар ин ҳафта муваффақ шуданд, бо имзои қарордоди нави ҳамкорӣ паҳлавони шинохтаро дубора ба ҳайъати тими миллӣ баргардонанд.
XS
SM
MD
LG