Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори пулиси Эрон ба мухолифин


Бино ба гузориши хабаргузории ИЛНО, мақомоти Эрон дар остонаи солгарди 31-уми инқилоби исломӣ, ки рӯзи 11 феврал таҷлил хоҳад шуд, мухолифинро алайҳи баргузории ҳар навъ намоиши эътирозӣ ҳушдор додаанд. Ҷунбиши мухолифини Эрон, ки дар пайи интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳурӣ ҷашнҳои расмиро одатан барои тадвири эътирозҳо истифода мебурд, барои рӯзи 11 феврал низ тазоҳуроти ҷадидеро дар нақша дошт.
Аммо раҳбари пулис Исмоил Аҳмадии Муқаддам гуфтааст, ки онҳо аз ин ба баъд алайҳи афроди қонуншикан ҳеҷ навъ ҳусни таҳаммул намоиш нахоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG