Пайвандҳои дастрасӣ

Иштибоҳан кушта шудани 7 кӯдак дар Спинболдак


Нирӯҳои марзбонии Афғонистон дар як даргирии субҳи ҷумъа дар минтақаи Спинболдак иштибоҳан 7 кӯдакро куштаанд. Раҳбари пулиси марзӣ Абдулрозиқ гуфт, ки афсарони марзбон ин атфолро гурӯҳи чирикиҳое гумон бурдаанд, ки гӯё қасди шабехун алайҳи онҳоро дар сар доранд. Абдулрозиқ гуфт, ин афтол зоҳиран ҳангоми ҳезумчинӣ сари тир шудаанд. Ӯ афзуд, ки ҳама марзбонони муҷрим боздошт шудаанд ва таҳқиқот идома дорад.
Спинболдак дар вилояти ҷанубии Қандаҳор, дар наздикии марз бо Покистон воқеъ буда, як саҳнаи даргириҳои пайваста байни нирӯҳои марзбонӣ ва чирикиҳои толиб дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG