Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Оқилов ба сарвазири Узбакистон


Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар посух ба номаи ҳамтои узбакистониаш Шавкат Мирзиёев дар мавриди нигарониҳои ин кишвар аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун гуфтааст, Тоҷикистон тасмими худро тағйир нахоҳад дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, номаи ҷавобии Оқил Оқилов рӯзи шанбе ба сарвазири Узбакистон ирсол шудааст.

Нахуствазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев ахиран зимни як нома унвонии нахуствазири Тоҷикистон бо ибрози нигаронии кишвараш аз сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» гуфта буд, ки дар сурати сарфи назар шудани мавқеи Узбакистон, ин кишвар маҷбур хоҳад шуд, ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.

Сарвазири Тоҷикистон ба тағйирнопазирии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи амалӣ намудани тарҳи нерӯгоҳи Роғун таъкид намуда афзудааст, лоиҳаҳои Тоҷикистон алайҳи ҳеҷ кишваре нест ва дар ин росто бо назардошти манофеи кишварҳои минтақа мо омода ҳастем ҳамкории танготанг бо ҳамсояҳои худро пеш барем.

Оқил Оқилов дар посухи худ мегӯяд, ду сол қабл Тоҷикистон расман аз кишварҳои минтақа дархост карда буд, ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби консросиюми байналмилалӣ таҳти сарпарастии СММ ҳамроҳ шаванд. Аммо ҳатто ба тақозои дубора ҷониби Узбакистон посух надод.

Сарвазири Тоҷикистон дар номаи ҷавобии худ гуфтааст, Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи бехатарии сарбанд ва масоили зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун бо вазоратхонаҳои зирабти Узбакистон санҷиш анҷом дод ва дар ин санҷиш ҳамаи паҳлуҳои сохтмони нерӯгоҳ ба назар гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир мавқеи ҷиддии Тоҷикистонро дар бахши ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масъалаи баҳрабардорӣ аз захоири обу энержии минтақа ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ мекунад.

Ҷаноби Оқилов ҳамчунин мегӯяд, бо назардошти чанд масъалаи мавҷуд дар Тоҷикистон ҳукумати ин кишвар ба ин қарор расидааст, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғунро идома диҳад.

Аввал, мардуми Тоҷикистон дар фасли сармо ба мушкили энержӣ рӯбарӯ мешаванд ва шароити оддӣ ҷиҳати таъмин намудани сокинони кишвар бо барқ вуҷуд надорад, зеро ба таври маснуӣ интиқоли барқ аз хориҷи Тоҷикистон қатъ карда мешавад. Набуди захоири газу нафт ва ҳам мушкили интиқоли барқ аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон водор кард, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун рӯи даст гирифта шавад.

Дуввум, ҳамчунон дар замони Шӯравӣ ва ҳам дар солҳои ахир борҳо масъалаи сохтмони Роғун аз дидгоҳи амнияти экологӣ аз ҷониби ширкатҳои байналмилалӣ (ахиран ширкати олмонии “Lahmeyer” бо фармоиши ширкати «Русал») мавриди санҷиш қарор гирифтааст ва нишон додааст, ки нигарониҳои кишварҳо дар мавриди сохтмони ин нерӯгоҳ беасос аст.

Оқил Оқилов дар номаи худ таъкид кардааст, ки обанборҳои Тоҷикистон дар густариши майдонҳои кишт ва рушди пахтакории Узбакистон нақши калидӣ доранд. Бо захира кардани об дар обанборҳо Тоҷикистон шароитро барои обёрӣ намудани заминҳои Узбакистон фароҳам мекунад.

Сарвазири Тоҷикистон ишора мекунад, ки агар обанборҳои Тоҷикистон набошад, Узбакистон дучори зарари ҳангуфт хоҳад шуд. Ва ҳукумати Тоҷикистон огоҳона бо вуҷуди он, ки захира намудани об дар зимистон худ ба мушкили барқ рӯбарӯ мешавад, ба Тошканд шароити хуб пеш меорад.

Дар номаи мазкур нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, тамоми масоили марбут ба вазъи экологӣ, тавозуни тақсими об ва масоили фаннии нерӯгоҳ ҳамаҷониба ба назар гирифта шудааст ва татбиқи чунин тарҳ ҳаққи ҳуқуқии ҳар як кишвари мустақил буда, мутобиқи қавонини байналмилалӣ амалӣ хоҳад шуд.

Бо назардошти ин ҳама Оқил Оқилов изҳори омодагӣ кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои баррасии тамоми масоили мавҷуд дар атрофи тарҳи сохтмони Роғун бо ҳайати баландпояи Узбакистон дар Душанбе музокира кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG