Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Оқил Оқилов ба сарвазири Узбакистон


Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба номаи ахири ҳамтои узбакаш Шавкат Мирзиёев пиромуни тарҳи бунёди нирӯгоҳи Роғун посухи расмӣ навишта, дар ин нома аз мавқеъи Душанбе ҳимоят кардааст. Мирзиёев ахиран дар номае Душанберо айбдор карда буд, ки мехоҳад бидуни ба эътибор гирифтани мавқеъи кишварҳои ҳамсоя ва бар пояи як тарҳи кӯҳнаи 40-сола нирӯгоҳи Роғунро бунёд кунад. Сарвазири Узбакистон ҳушдор дода буд, ки Тошканд метавонад баҳси масъаларо ба минбарҳои байналмилалӣ бикашад. Аммо Оқилов Оқилов дар посухи худ навиштааст, тарҳи нирӯгоҳи Роғун, ки дар рӯдхонаи дохилии Вахш сохта хоҳад шуд, ҷавобгӯи куллия масоили зистмуҳитӣ ва ҳифзи тавозун дар тақсими об буда, кадом таҳдиди фалокати фаннӣ надорад. Бо ин вуҷуд, афзудааст сарвазири Тоҷикистон, кишвараш омода ҳаст, як ҳайъати Узбакистонро ба манзури баррасии ин масоил дар зудтарин фурсат дар Душанбе бипазирад.
XS
SM
MD
LG