Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни қурбониёни бомбгузорӣ дар Карочӣ


Рӯзи шанбе дар Карочии Покистон дар маросими дафни 25 қурбонии бомбгузории рӯзи ҷумъа садҳо мусалмони шиъа гирди ҳам омаданд. Рӯзи ҷумъа як автобуси ҳомили зоирони шиъа ҳадафи бомбгузорӣ қарор гирифт. Вале як бомби дигар баъдан дар бемористон замоне таркид, ки мусофирони захмии автобуси таркидаро барои муолиҷа ба инҷо оварданд.
Рӯзи шанбе ба далоили амниятӣ ва ҳамчунин аз тарси эҳтимоли такрори ҳамлаҳои нав дӯконҳо дар Карочӣ баста буданд. Мақомоти Покистон ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоидаро дар ин бомбгузориҳо айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG