Пайвандҳои дастрасӣ

Украина вориди даври ниҳоии интихобот мешавад


Рӯзи якшанбе дар Украина даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ барпо мешавад. Барои мақоми раҳбарии Украина ду номзад – сарвазири феълӣ Юлия Тимошенко ва сарвазири пешин Виктор Янукович вориди мубориза шудаанд.
Янукович рӯзи ҷумъа дар Киев дар ҷамъи тарафдоронаш гуфт, ки интихоботро ӯ хоҳад бурд.
Аммо хонум Тимошенко, ки рӯзи ҷумъа ва низ дар Киев суханронӣ мекард, Януковичро айбдор кард, ки мехоҳад бо роҳи тақаллуби оро ба пирӯзӣ даст биёбад. Тимошенко аз ҷонибдоронаш даъват кард, дар сурати тақаллуби оро ба нишони эътироз ба кӯчаву хиёбонҳо бирезанд.
XS
SM
MD
LG