Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қаиқи раҳзанони Сомалӣ ба асорат уфтод


Нирӯҳои баҳрии Русия хабар доданд, ки киштии ҷангии “Неустрашимий” тавонистааст дар тақрибан 130-километрии соҳили кишвари африқоии Сомалӣ як қаиқи хурдро бо 7 раҳзани баҳрӣ асир бигирад. Ба гуфтаи артиши баҳрии Русия, ин раҳзанон қасд доштаанд, киштии “Ариэлла”-ро, ки таҳти парчами Антигуа ва Барбадос шино мекард, таҳти ҳамла қарор диҳанд.
Бонги хатар аз киштии “Ариэлла”-ро як киштии Дания дарёфт карда, ба хотири наҷоташ нирӯҳои вижаро ирсол кардааст. Нирӯҳои Дания аммо натавонистаанд, раҳзанонро пайдо кунанд. Роҳзанҳо дар соҳилҳои Сомалӣ киштиҳои тиҷориро асир гирифта, танҳо дар ивази маблағҳои бузург раҳо мекунанд. Ин бахши уқёнуси Ҳинд хатарноктарин минтақа барои киштигардӣ дар ҷаҳон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG