Пайвандҳои дастрасӣ

Ба асари боришоти зиёди барф ва тармарезӣ тайи рӯзҳои ахир дар Бадахшон як нафар ба ҳалокат расидаааст ва ҳаракати нақлиёт дар бархе аз роҳҳо муваққатан қатъ шудааст.

Мунаввар Мирзомустақимов, масъули ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон, гуфт, ин ҳодиса шаби 5-уми феврал дар маҳалли Баржири масири Хоруғ-Ишкошим ба вуқӯъ пайвастааст.

Боришоти барф ва тармарезӣ ҳаракати нақлиёт дар масири Хоруғ-Душанбе, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошимро муваққатан бастааст ...
Вай афзуд, ронандаи мошини борбар, сокини шаҳри Ваҳдат Шералӣ Юсупов ҳангоми тармарезӣ ба умеди наҷот ёфтан аз даруни автомашиноа худро берун ҳаво додааст ва зери барф монда, ҷасадашро пас аз чанд соати ҷустуҷӯ сокинони маҳалли пайдо кардаанд. Аммо ҳамсафари ронанда, ки дар даруни мошин фурсати берун шудан наёфтааст, ҷон ба саломат бурдааст.

Дар ҳамин ҳол муовини аввали сардори муассисаи давлатии роҳҳои Бадахшон Хушназар Абдураҳимов ваъиятро ваҳим арзёбӣ намуда гуфт, ки боришоти барф ва тармарезӣ муваққатан ҳаракати нақлиётро дар масири Хоруғ-Душанбе, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим бастааст.

Вай гуфт, алҳол роҳсозон ва техника барои тоза намудани роҳҳо аз барф ва тарма дар масири Душанбе ва Мурғоб сафарбар шудаааст. Дар самти Ишкошим бинобар таҳдиди хатар тозакунии роҳ пас аз қатъ ёфтани боришоти барф оғоз мешавад.

Гурӯҳҳои зудамали ифтихорӣ, ки бо ибтикори созмони «Фокус» дар маҳалҳо ташкил шудаанд, барои бартараф намудани офати табиӣ кумак мекунанд. Ба гуфтаи сардори гурӯҳи зудамали деҳоти Сохчарви ноҳияи Шуғнон Шӯҳрати Аҳмадбек, ду тармаи кӯчаки байни деҳоти Ёмҷ ва Бунӣ бо қувваи худи ронандагон ва кӯмаки ифтихориён бартараф шудаанд.

Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар рӯзҳои боришоти барф, ки тибқи пешгӯии ҳавосанҷон то 9-уми феврал идома меёбад, дар роҳҳо аз эҳтиёт кор гиранд. Бо дастури раиси Бадахшон ҳаракати нақлиёт дар кулли самтҳо маҳдуд шудааст.

Дар ҳамин ҳол номзад ба вакили дар ҳавзаи 41-и Хоруғ , аз ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов изҳор дошт, ки вай пас аз мулоқот бо интихоботкунандагон дар Ишкошим дар роҳ ба Хоруғ тармаро тоза карда гузаштаанд.

Аммо ба иттилои як манбаъ аз мақомот, номзад аз Ҳизби халқӣ-демократӣ Мирганд Шаҳбозов ҳам ба манзури мулоқот бо интихобкунандагон озими ноҳияи Ишкошим шудааст, аммо боришоти шадиди барф ва тармарезӣ монеи бозгашти ӯ ба маркази вилоят гардидааст.
XS
SM
MD
LG