Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон хостори иқдомоти ҷиддитари Эрон шуд


Вазири хориҷаи Олмон Гвидо Вестервелл рӯзи шанбе дар анҷумани амниятии Мюнхен гуфт, тааҳҳуди Эрон ҷиҳати барои ғанисозии бештар ба хориҷ фиристодани маводи сӯхти ҳастаияш оғози хуб аст, вале Теҳрон бояд фаротар иқдом кунад.
Вестервелл гуфт, оғӯши Олмон ба сӯи Эрон ҳамоно боз аст, вале ҳанӯз пешрафте дар ин масъала ба даст наомада ва суханронии ахири вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ низ натавонистааст, дидгоҳи Олмонро тағйир диҳад.
Муттакӣ рӯзи ҷумъа гуфт, Эрон феълан дар амри расидан ба тавофуқ бо ҷомиаи байналмилалӣ бар сари дар хориҷ анҷом додани ғанисозии бештари маводи сӯхти лозим барои реактори тиббии ҳастаияш дурнамои хуберо мебинад.
XS
SM
MD
LG