Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи олимон барои коркарди партобҳои Талко


Донишмандони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки барои истеҳсоли анод дар назди ширкати Талко як корхона таъсис дода шавад
Донишмандони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки барои истеҳсоли анод дар назди ширкати Талко як корхона таъсис дода шавад

Донишмандони тоҷик қасд доранд, аз партобҳои алюминий фулузоте тавлид кунанд, ки сохтмонҳои иншоотҳои азим, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии кишварро аз фарсоиш эмин нигоҳ дорад.

Татяна Умарова, доктори илмҳо ва аз Пажӯҳишгоҳи химияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати истифодаи ин фулузот, ё ба истилоҳ анодҳои “фидокори” алюминий дар конструксияҳои оҳанин, метавон занг задани онҳоро камтар ва умри сутуну лӯлаҳои филизиро дарозтар кард.

Анодҳои фидокор абзорҳои хурди алюминиянд, ки дар бадани сутуни оҳанӣ васл мешаванд ва таҳти таъсири шароити химиявӣ абзори алюминий фарсуда шуда, вале сутуни оҳаниро аз занг задан эмин медоранд.

Татяна Умарова мегӯяд, “дар нерӯгоҳҳо қисми зиёди конструксияҳо дар зери обанд ва масъалаи эмин нигоҳ доштани банбудастҳои филизии онҳо як мушкили ҷиддӣ аст. Аз ин рӯ мо ҳалли ин масъаларо интихоб кардем ва тамоми қисматҳои осебпазири онҳоро муайян намуда ва дар назди худ вазифа гузоштем, то онҳоро ҳифз кунем“.

Тавлиди анодҳои фидокор, ба гуфтаи Татяна Умарова, харҷи зиёдеро талаб намекунад ва шароит ҳам дар Тоҷикистон барои тавлиди онҳо мусоид аст.

Вай мегӯяд, “танҳо се навъи фулузот аст, ки хосияти муҳофизатӣ доранд - алюминий, магний ва рӯҳ. Агар ҳарсеи онҳоро дар як радиф бигузорем, алюминий бештар фоидаовар аст. Аввал ин ки аз назари хосиятҳояш ва дуввум ин ки дар корхонаи алюминийи Тоҷикистон - Талко аз партоби алюминий ҳосил мешавад. Мумкин аст, дар ин ширкат барои тавлиди анодҳои мазкур як корхона таъсис дода шавад.“

Татяна Умарова меафзояд, истифодаи ин усул барои ҳифзи конструксияҳои филизӣ на танҳо манфиати иқтисодӣ дорад, балки метавонад аз ҳар гуна фалокатҳои саноатӣ ва муҳитизистӣ низ пешгирӣ кунад.

Ба гуфтаи ӯ, бисёр муҳим аст, то аз ин усул барои ҳифзи иншооти муҳими Тоҷикистон, бахусус нерӯгоҳҳо ва ҳамчунин лӯлаҳои зеризаминӣ истифода шавад. Зеро дар таркиби хоки Тоҷикистон миқдори намакҳои мухталиф зиёданд ва намакҳои мухталиф суръати реаксияҳои химиявиро афзуда ва ҳамин гуна суръати фарсоиши лӯлаҳоро тундтар мекунанд.
XS
SM
MD
LG