Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 қасди худкушӣ дар як рӯз ва боз ҳам дар Суғд


Ахиран тайи фақат як шабонарӯз дар вилояти Суғд 5 нафар даст ба ҷони худ задаанд. Дар се маврид аз ин талошҳои худкушӣ ҷилавгирӣ шудааст. Як корманди 34-солаи “Тоҷпромбонк” дар Хуҷанд ба ин далел, ки 80 000 доллар қарздор будааст, бо истифода аз доруи хоб ба ҷони худ қасд кард, вале ӯро ба бемористон бурда, наҷот медиҳанд.
Як зани 22-солаи сокини шаҳри Қайроқум ва як духтари 16-сола дар Хуҷанд низ бо истифода аз доруи димедрол қасди худкушӣ кардаанд, вале онҳоро низ тавонистаанд наҷот диҳанд.
Як зани 27-сола дар Ашт худро ба дор овехта, як сокини 45-солаи шаҳри Қайроқум худро ба дарё андохт. Ин ду мавриди ахир, муттассифона, бо ҳалокати маргталабон анҷом ёфтааст.
XS
SM
MD
LG