Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи милиса дар Тоҷикистон


Имрӯз Тоҷикистон 85-умин солрӯзи таъсиси милисаро таҷлил мекунад. Дар ин робита дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе ҳамоиши вижае бо ширкати намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва раҳбарияти кишвар баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш раисиҷумҳури Тоҷикистон намояндагони милисаи кишварро бо ин рӯз табрик гуфт ва ба беҳтарин кормандони ниҳодҳои умури дохилӣ ифтихорномаҳо супорид.

Имрӯз дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон низ Рӯзи милисаро ҷашн гирифтанд ва дар ин робита як қатор чорабиниҳои идона баргузор шудааст.

Таърихи милисаи тоҷик аз 6-уми феврали соли 1925 маншаъ мегирад. Маҳз дар ҳамин рӯз Комиссариати мардумии умури дохилии Ҷумҳурии автономии шӯравии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кардааст.

Дар остонаи солрӯзи милисаи тоҷик Радиои Озодӣ бо Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, сӯҳбати мустақими интернетӣ баргузор кард. Дар ин сӯҳбат Абдураҳим Қаҳҳоров ба ҳудуди сад суоли хонандагони торнамо посух дод. Аксари кулли ин суолҳо ба фасод ва ришвахорӣ дар миёни мақомоти интизомӣ, махсусан Бозрасии давлатии автомобилӣ ва одобу муоширати кормандони ин соҳа рабт доштанд.

Ҷаноби Қаҳҳоров гуфт, аз нахустин рӯзҳои оғози фаъолияташ дар мақоми вазири умури дохилӣ ба масъалаи одобу рафтори ҳамидаи кормандони милиса, муоширати ҳалим бо шаҳрвандон ва ҳамхизматон, аз байн бурдани қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ ва махсусан мубориза бо фасодро дар ин ришта ҳадафи худ қарор додааст.

Вай иқрор кард, ки аз вазъи мавҷуда қаноатманд нест ва афзуд, "дар натиҷаи гузаронидани тафтишу санҷишҳои хизматӣ, чи тавре ман қаблан қайд карда гузаштам, танҳо дар соли 2009 504 нафар кормандон бо сабабҳои манфӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ карда шуда, аз он 55 нафар бо ҳукми судҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо идома дорад."

Матни мукаммали сӯҳбати интернетии вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоровро бо хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ ин ҷо мутолиа кунед.

Qahhorov
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:05 0:00
XS
SM
MD
LG