Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни нишасти вазирони дифоъи НАТО ВА ISAF


Андерс Фог Расмуссен – дабири кулли НАТО гуфт, аз кишварҳое, ки дар ҳайъати Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон сарбоз доранд, хост, барои нерӯманд кардани артиши ин кишвар саъйи бештар кунанд. Вай баъди нишасти дурӯзаи вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО ва нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон аз он кишварҳо хост, ба Афғонистон мураббиёни бештар бифристанд:" Имрӯз ман 44 кишвари узви АЙСАФРО ташвиқ кардам, то бо баррасии амиқтар бубинанд, ки барои афзоиши ҳайъатҳои омӯзишӣ аз ҳисоби нерӯҳояи фиристодаашон чӣ кор карда метавонанд. Ва ё агар лозим шавад дар сурати зарурат нерӯҳои бештар бифристанд." Пештар аз ин Роберт Гейтс - вазири дифоъи Амрико, гуфт, кишвараш ҷиҳати тақвияти нерӯҳои байнамилалӣ ва муҳофизати онҳо аз ҳамлаҳо дар ихтиёри онҳо мошинҳои зиреҳпӯш ва дигар муҳимоти низомӣ мегузорад.
XS
SM
MD
LG