Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни инфиҷори Карбало афзуд


Пулиси Ироқ мегӯяд, бар асари таркиши ду мошини бобмгузоришуда дар шаҳри Карбало дасти кам 30 нафар ҳалок ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамла дар рӯзи охири маросими мазҳабии Арбаъин, ба вуқӯъ пайваст, ки 40 рӯз баъд аз Ошуро маросим сӯгвории қатли Имом Ҳусаейн сурат мегирад. Барои ширкат дар ин маросим садҳо ҳазор нафар шиъамазҳабон, аз ҷумла аз Эрон эътиқодмандони эронӣ ҳам зиёрати Карбало омада будаанд. Ҳукумати Ироқ барои таъмини амнияти зойирон 30 ҳазор нафарро сафарбар кардааст. Тайи ин ҳафта бори саввум аст, ки алайҳи зойирони шиъамазҳаб дар Ироқ ҳамла сурат мегирад. Дар ду ҳамлаи пешин бештар аз 60 нафар ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG