Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ойгул, як духтари деҳотӣ, мегӯяд, падару модар ӯро дар синни 16-солагӣ ба шавҳар додаанд. Аммо, ба сабаби омода набудан ба ҳаёти оилавӣ зиндагии муштараки онҳо дер напоидааст. Ҳамакнун, Ойгул дар хонаи падару модар бо ду фарзанди дустрӯяш ба сар мебарад.

Афзун бар ин, падидаи номатлуби дигар ин аст, ки бархе аз духтарони ноболиғ дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон бо мардони оиладор, ба хотири сарвату дороии он мард ба шавҳар мебароянд. Раъногул, як сокини ноҳияи Қумсангир, дар ин бора мегӯяд, «дар деҳаи мо ин хел ҳолат зиёд аст. Чун пас аз ҷанги дохилӣ дар ҳар оила 3-4 духтар мондааст, ки бояд шавҳар кунанд. Ба сабаби мушкилоти зиндагӣ ва танқисиҳо падару модарон ҳатто духтарони ноболиғашонро пештар аз духтарони синнашон ба никоҳ расида, ба шавҳар медиҳанд. Ба хотири пулу мол ва дорои мардакҳо. Лекин зиёд шудаст, ки он духтаракон боз ба хонаи падару модар баргаштаанд, аз сабаби нофаҳмӣ, беақлӣ ва зиндагиро надонистан»



Кумитаи ҳимоят аз кӯдакони СММ бо ироаи тавсияҳое аз ҳукумати Тоҷикистон хост, то монеъи чунин издивоҷҳо шавад ва онҳоеро, ки
Ба сабаби мушкилоти зиндагӣ ва танқисиҳо падару модарон ҳатто духтарони ноболиғашонро пештар аз духтарони синнашон ба никоҳ расида, ба шавҳар медиҳанд. Ба хотири пулу мол ва дорои мардакҳо.
духтарони ноболиғро никоҳ мекунанд, ҷазо бидиҳад. Албатта, чунин вазъ низ мояи ташвиши давлати Тоҷикистон аст, аммо Ҳилолбӣ Қурбонова, муовини Раиси кумитаи кор бо занони давлати Тоҷикистон, мегӯяд, «ба марказҳои боварии мо расман муроҷиат нашудааст, лекин аз таҷриба ва ҳамчунин шунида мешавад, ки чунин ҳолатҳо аст. Кумитаи занон дар ҳама вохуриҳое, ки бо занон дар маҳал мегузаронад ҳатман ин масъаларо мадди назар дорад. Лекин ин вазифаи танҳо Кумитаи занон нест, бояд мақомоти маҳаллӣ, ҷамоатҳо ва ҳатто мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин кор бояд аҳамият бидиҳанд».

Набуди омори расмӣ дар заминаи издивоҷи бармаҳали духтарони ноболиғ Кумитаи кор бо занон дар ҳолест, ки дар беш аз як моҳи пеш додгоҳи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ду волидайнро барои ба шавҳар додани духтарони ноболиғи қабл аз синни никоҳ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида буд. Бар асоси таҳқиқи додгоҳ, ин ду волидайн, яке духтари 15-сола ва дигаре духтари 16-солаашро ба шавҳар додаанд.



Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи кудакону духтарон дар Тоҷикистон бар вуҷуди мавориди густардаи издивоҷи бармаҳали
Тибқи иттилоъи Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, дар соли 2009 теъдоди хонаводаҳои азҳампошида ба 5 840 расид, ки дар қиёс ба як соли пеш ҳудудан 500 ҳодиса зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
духтарони ноболиғ таъкид мекунанд. Ба гуфтаи Матлуба Бобоҷонова, корманди Лигаи занони ҳуқуқдон, чунин маворид бештар дар деҳоти Тоҷикистон итифоқ меафтад. Зеро, ба таъкиди вай, падару модарон аз он ҳарос мекунанд, ки агар духтарашон зудтар ба шавҳар набарояд, пас аз 20-солагӣ шавҳар карданаш мушкил хоҳад шуд. Кор ба ҷое расидааст, ки дар бештари манотиқи Тоҷикистон духтарон пас аз хатми синфи 9 мактабро тарк мекунанд ва онҳо ба шавҳар дода мешаванд. Бобоҷонова, сабаби издивоҷи бармаҳали духтарони ноболиғро аз як сӯ дар анъанаҳои сунатии мардум донад, аз сӯи дигар мегӯяд, «албатта, ин ҳолатҳо дар деҳот ба чашм мехӯрад, дар шаҳр кам аст ва ё қариб ки вуҷуд надорад. Сабаб низ дар поин будани сатҳи маърифат ва ҳуҳуқии занон, духтарон ва падару модарон аст».

Таассуфи хонум Бобоҷонова аз он аст, ки таҷриба нишон медиҳад, аксари издивоҷи нафароне, ки ба синни никоҳӣ нарасидаанд, оқибати фоҷеабор дар пай доштааст. Яъне, ба гуфтаи вай, онҳо аз сӯи шавҳаронашон, ки бархе аз онҳо зани дигаре низ доштаанд, талоқ гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон дар як соли пеш теъдоди талоқ нисбат ба издивоҷи навхонадорон бештар будааст. Зеро, бар асоси гузориши ин ниҳод, дар соли 2009 теъдоди хонаводаҳои азҳампошида ба 5 840 расид, ки дар қиёс ба як соли пеш ҳудудан 500 ҳодиса зиёдтар ба қайд гирифта шудааст. Дар даврони Шӯравии пешин сини никоҳ 20-солагӣ дар назар дошта шуда буд. Пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар қонунгузорӣ ин рақам ба 18 расонда шуд. Аммо қонунгузории Тоҷикистон дар ҳолатҳои истисноӣ, яъне издивоҷи духтарон дар синни 17- солагиро низ иҷозат додааст. Ин кор танҳо бо тасмими додгоҳ метавонад мавриди иҷро қарор бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG